Тоҷикистон ва Чин барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Чин зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитзюн баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо барои тақвият додани корҳои бунёди роҳҳои дусатҳа дар буриши кӯчаҳои «Абай – А. Қаҳҳоров», буриши кӯчаҳои «А. Ҷомӣ – А. Қаҳҳоров», буриши кӯчаҳои «Ҷанубӣ – А. Қаҳҳоров» ва сохтмони пул аз болои дарёи Душанбе дар буриши кӯчаҳои «Ҷанубӣ – А.Қаҳҳоров» дар пойтахт ба мувофиқа расиданд. Таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии ин лоиҳаҳо ба анҷом расида, раванди мувофиқанамоии он бо ҷониби Чин идома дорад. Баъд аз мувофиқаи таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва интихоби пудратчӣ корҳои асосии сохтмонӣ оғоз меёбанд.
Дар мулоқот масъалаҳои пешбурди долонҳои байналмилалии нақлиётии «Чин–Тоҷикистон–Узбекистон–Туркманистон–Эрон–Туркия–Аврупо», «Чин-Тоҷикистон-Афғонистон», инчунин тавассути ин кишварҳо дастрасӣ ба бандарҳои обии байналмилалии «Чобаҳор»-и Эрон ва «Карочӣ-и Покистон ва ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» баррасӣ гардиданд.
Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи нақлиёт дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ 28 августи соли 2008 дар Душанбе ба имзо расидааст. Тибқи он молу маҳсулот аз тариқи гузаргоҳи сарҳади давлатии «Кулма-Қаросу» дар доираи ҷаласаи гурӯҳҳои кории механизми муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзян – Уйғури Чин бемамониат интиқол дода мешавад.
Ба роҳ мондани ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» аз соли 2013 аз ҷониби Чин ба ташаккули долонҳои энергетикӣ, нақлиётӣ ва тиҷоратӣ байни Чин ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Шарқи Наздик нигаронида шудааст. Ташаббус се шакли роҳ — мошингард, роҳи оҳан ва роҳи баҳриро дар бар мегирад, ки онҳо боз ба се шоха — шимолӣ, марказӣ ва ҷанубӣ ҷудо мешаванд. То имрӯз 130 созишномаи гуногун байни беш аз 100 давлати ҷаҳон, ки ба масири «Як камарбанд, як роҳ» пайвастаанд, ба имзо расидааст. Ташаббуси мазкур метавонад барои Тоҷикистон манбаи иловагии захираҳои молиявӣ дар роҳи татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои то давраи соли 2030» бобати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор гардад.
Яке аз намунаҳои ҳамкории Тоҷикистон дар доираи ин ташаббус лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон» мебошад. Дар доираи он бунёди 93 км роҳ, 2 нақб бо дарозии умумии 5,2 км, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 602 метр, 15 пул бо дарозии умумии 633 метр, 21 850 метр деворҳои ҳимоявӣ, 151 иншооти сунъӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






