Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд

Август 20, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 20.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» тавсеаи шабакаи хизматрасонии худро идома дода, толорҳои нави фирмавӣ ва марказҳои алоқаро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ифтитоҳ менамояд. Акнун сокинони бештари ҷумҳурӣ метавонанд дар наздикии хона ё ҷои кор ҳангоми рафтан барои харид ё ба назди хешовандон аз хизматрасонии алоқа истифода баранд.

Нуқтаҳои фурӯши ширкат доираи васеи хизматрасониҳо, аз ҷумла фурӯши симкортҳо ва пайвастшавӣ ба шабака, машваратҳо оид ба тарофаҳо ва хизматрасониҳои рақамӣ ва кумакро дар танзимкунии смартфонҳо пешниҳод менамоянд. Афзоиши шумораи толорҳои алоқа имкон медиҳад, ки ба мизоҷон дар ҷойҳои барои боздид мувофиқ, ба монанди марказҳои савдо ва ё дар наздикии автовокзалҳо кумак расонида шавад.

«Мо кӯшиш мекунем, ки ба ҳар сокини ҷумҳурӣ наздиктар шавем. Ифтитоҳи толорҳои нав дар минтақаҳо қадамест барои дастрас гардидани алоқаи босифат, технологияҳои муосир ва хизматрасониҳо ба ҳар кас, новобаста аз маҳалли зисти ӯ», – мегӯяд роҳбари хадамоти фурӯши ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Фарҳод Шаймуродов.

Суроғаи нуқтаҳои наве, ки оператор дар якчанд ҳафтаи охир кушодааст:


«МегаФон Тоҷикистон» – алоқае, ки ҳамеша дар наздикии шумост!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Август 20, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст