Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сатҳи баланди солонаи Барномаи глобалии СММ (IREN) дар Истанбул иштирок намуд

Сентябрь 19, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода дар вохӯрии сатҳи баланди солонаи кишварҳои шарики Барномаи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо (IREN) дар шаҳри Истанбули Туркия иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Вохӯрӣ бо ибтикори Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) созмон дода шуда, ҳадафаш таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди иқтидори гурӯҳҳои байниидоравии миллӣ (ПГФ) оид ба назорати ҳаракати бор ва мусофирон мебошад.

Дар доираи ин вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон якчанд мулоқоти корӣ анҷом дода, инчунин дар бораи пешравиҳои ҷумҳурӣ дар самти пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими низоми назорати гумрукӣ ва рушди ҳамкории байниидоравӣ маълумот пешниҳод намуд.

Иштирокдорони вохӯрӣ аҳамияти идомаи ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси Барномаи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба назорати ҳамлу нақли мусофирон ва борҳоро /IREN/ таъкид намуда, ба масъалаҳои рушди зерсохторҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон ва амалӣ намудани воситаҳои муосири таҳлили хавф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст