Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии амнияти ҷамъиятӣ иштирок намуд

Сентябрь 18, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ  Рамазон Раҳимзода дар Форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти ҷамъиятӣ «Лянюнган-2025» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти ҷамъиятӣ «Лянюнган-2025» 16 сентябр оғоз шуда, то 19 сентябр идома меёбад. Иштирокчиёни форум масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои фаромиллӣ, савдои одамон, ҳамчунин масъалаҳои дастгир намудани ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосирро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

18 сентябр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо дар самти тақвият бахшидани муқовимат ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, инчунин гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, силоҳ, пурқувват кардани иқтидори мудофиавии сарҳади Тоҷикистон ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии мақомоти корҳои дохилӣ суҳбат намуданд.

 АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд