Ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқдисодӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 05.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар назар аст, ки дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, озуқаворӣ ва омодасозии кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Ҳайати расмии иштирокдорони Комиссияи 18-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Майдони Истиқлол, Маҷмааи «Кохи Наврӯз», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор ва хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» шинос мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ 5 июни соли 2024 дар шаҳри Минск таҳти раёсати Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Сергей Бартош баргузор гардида буд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид






