Ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия баргузор гардид

Сентябрь 26, 2025 22:00

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар шаҳри Москва ҷаласаи 21-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин баргузор шуд.

Дар он масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳо баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо бо Федератсияи Русия 1,9 миллиард долларро ташкил дод, ки  ин нишондод нисбат ба соли 2023 200 миллион доллар зиёд аст.

Дар 8 моҳи соли равон ҳаҷми савдо байни ду кишвар ба беш аз 1,4 миллиард доллар расида, суръати афзоиш 13 дарсадро ташкил дод.

Ҷонибҳо ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда изҳор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Протокол оид ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба имзо расид.

Дар ҷаласа инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.

Сентябрь 26, 2025 22:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд