Ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа сардорони Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия, инчунин Котиби Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ — муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Саидзода иштирок намуд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ байни қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






