Ҳамкорӣ дар раванди таҳияи «Барномаи нави кишварӣ барои солҳои 2026-2030» баррасӣ карда шуд

Сентябрь 26, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкорӣ дар раванди таҳияи «Барномаи нави кишварӣ барои солҳои 2026-2030» дар вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои давлатҳои Шарқи наздик, Африқои шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ Наоуфел Телаҳиг  дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад.

Мусоҳибон масъалаҳои раванди амалишавии лоиҳаҳо ва барномаҳоро бо маблағгузории ин фонд дар Тоҷикистон дар самтҳои кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, инчунин ҳамкории оянда дар ин самт барои давраи то соли 2030-ро  баррасӣ намуданд.

Баҳодур Шерализода аз сатҳи ҳамкории Кумита бо ин фонд дар самти масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим изҳори қаноатмандӣ намуд. Иброз гардид, ки дар айни замон дар Тоҷикистон бо дастгирӣ ва маблағгузории ин фонд Лоиҳаи давлатии сармоягузории  «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» (CASP+) аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» мавриди амал қарор дорад. Ҳадафи он мусоидат ба гузариш ба самти устувори рушд бо назардошти коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва татбиқи усулҳои нави истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор мебошад.

Наоуфел Телаҳиг гуфт, ки аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист лоиҳаи нави грантӣ дар мавзуи «Барқарорсозии низоми экологӣ ва устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» бо ҷалби маблағҳои грантии Фонди глобалии экологӣ (GEF) таҳия ва аз ҷониби GEF тасдиқ гардид.

Инчунин дар вохӯрӣ ҳамкорӣ дар раванди таҳияи «Барномаи нави кишварӣ барои солҳои 2026-2030», ки аз ҷониби фонди мазкур таҳия мегардад, баррасӣ карда шуд.

Раиси Кумита пешниҳод намуд, ки дар доираи ин барнома барои таҳияи лоиҳаҳои нав таваҷҷуҳи бештар ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона карда шавад.

Инчунин ҳамкории дуҷониба дар таҳия ва татбиқи Саҳми дар Сатҳи Миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим муҳокима гардиданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд