Ҳамкории мақомоти ноҳияи Шаҳринав ва Сафорати Ҷопон дар самти рушди соҳаи маориф тақвият меёбад
ШАҲРИНАВ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Фурута Кейко мулоқот намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Дар мулоқот рушди муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва Сафорати Ҷопон муҳокима гардида, аз ҳамкории дуҷониба дар самти дастгирии рушди соҳаи маориф, бахусус иҷтимоиёт изҳори хушнудӣ карда шуд.
Раиси ноҳияи Шаҳринав аз дастгирии Сафорат дар бахши аъзами аҳолӣ- бунёди бинои нави таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 барои 220 хонанда дар як баст, ки аз ҷониби Сафорати Ҷопон маблағгузорӣ шудааст, ёдовар шуд.
Ҳамзамон барои дастгирӣ ва рушди ҳамкорӣ дар бахши аъзами аҳолӣ якчанд лоиҳа барои дастгирӣ пешниҳод карда шуд.
Зимни мулоқот Фурута Кейко гуфт, ки Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон минбаъд низ ба таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои бахшҳои маориф ва тандурустии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон Фурута Кейко ҳамчунин бо сохтмони бинои Маркази омӯзишии касбӣ барои шахсони маъюб дар ноҳияи Шаҳринав шинос шуд.
Марҳилаи якуми сохтмони марказ анҷом ёфта, дар оянда марҳилаи дуюми он оғоз мешавад. Баъди пурра ба истифода додани иншоот дар он даврҳои омӯзишии касбии дӯзандагӣ, қаннодӣ, компютерӣ, хизматрасонии машваратӣ барои маъюбон, вохӯриҳо оид ба масъалаҳои марбут ба маъюбон, хизматрасониҳои машваратӣ барои маъюбон, фаъолияти кумак ба шуғл барои маъюбон, маълумот дар бораи иқтидори универсалӣ оид ба хизматрасонӣ ба маъюбон дар Маркази таълимии касбӣ мутобиқ ба талабот ба роҳ монда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






