ҲАШТОД СОЛИ МУБОРИЗАИ СММ БАРОИ АМАЛИСОЗИИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии СММ

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба ҳолати ноустувору номуайян ва печидагиҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ шудани ҷаҳони муосир ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим андешаронӣ намуда, нақши Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун минбари муколама, ҳамкорӣ ва таҳкими сулҳу амният дар ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Вобаста ба суханронии Президенти Тоҷикистон ва 80-солагии қабули Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ чунин ибрози назар намуд:
-Тавре, ки маълум аст, таъсиси Созмони Милали Муттаҳид (ҳамчун ҷойгузини Лигаи миллатҳо, ки аз солҳои 1919-1920 то соли 1946 бо шумули 58 давлати аъзо фаъолият дошт) давоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ оғоз гардида буд. Бо ин мақсад моҳи январи соли 1942 намояндагони 26 давлат, аз ҷумла собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Англия эъломияи махсус ба имзо расонида, моҳи октябри соли 1943 аз ҷониби Чин, собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эъломия дар бораи ташкил намудани созмони универсалии байналмилалӣ, ки барои ҳифзи сулҳу амният мубориза мебарад, қабул карда шуд. 24 октябри соли 1945 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби аксарияти давлатҳо, аз ҷумла панҷ аъзои доимии Шурои амнияти он (Англия, Чин, собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, Амрико ва Фаронса) ба тасвиб расид.
Ба ҳамин тариқ, соли 1945, ҳаштод сол муқаддам Созмони Милали Муттаҳид, ки аз якчанд мақоми асосӣ иборат буд, ба фаъолият шуруъ намуд. Фаъолияти ин созмон ба нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо ва ҳалли баҳсҳо нигаронида шуда, он ба ҳалли буҳронҳои башардӯстона, мубориза бо камбизоатӣ, пешбурди ташаббусҳои экологӣ ва таҳкими қонуни байналмиллалӣ низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Соли 2025 аз таъсиси Созмони Милали Муттаҳид ва қабули Оинномаи он 80 сол пур мешавад. Дар ин муддат созмон дар самти мубориза барои ҳифзи сулҳу амният ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии мамлакатҳои аъзо, аз ҷумла иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.
Бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ чорабиниҳои зиёди илмӣ-назариявӣ, илмӣ-амалӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ гузаронида шуданд. Аз ҷумла, 21 сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Амрико иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг, Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва дигар шахсони расмӣ мулоқоти судманд анҷом дода, дар иҷлосияи Маҷмаи умумии созмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар суханронии Пешвои миллат, қабл аз ҳама, ҳолати ноустуворию номуайянӣ ва печидагиҳо дар сиёсати байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир, талошҳо барои ислоҳоти он, низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва таҳдидҳо барои сулҳи пойдор таъкид гардиданд. Чунин вазъ, ба андешаи мо, тақозо мекунад, ки вазъи кунунии олам, раванди барқароршавии тартиботи нави ҷаҳонӣ на танҳо аз лиҳози сиёсӣ, балки фалсафию ахлоқӣ арзёбӣ гардида, тадбирҳои мушаххас барои муътадилсозии авзои сайёра дар даврони муосир андешида шаванд.
Масъалаҳои болобарии нақши Созмони Милали Муттаҳид бо роҳи ислоҳоти фарогири низоми он дар асоси «Барномаи Созмони Милали Муттаҳид-80», «Созмони Милали Муттаҳид-2.0» ва диди Дабири кулли ин созмон оид ба ин масъала, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ байни давлатҳои хурду бузург ва тақвияти фаъолияти давлатҳои абарқудрат дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор аз мушкилоти калидии ҷаҳони муосир буданд. Пешвои миллат таваҷҷуҳи тамоми аъзои Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳалли онҳо ҷалб намуданд. Дар ин росто махсусан таъкид карда шуд, ки ҳаҷми маблағгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди устувор ҳамоно талаботи мавҷударо қонеъ карда наметавонад.
Имрӯз дар тамоми сайёра мушкилоти тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорат инсониятро бетараф гузошта наметавонад. Аз ин рӯ, Сарвари давлати мо пешниҳод намуданд, ки дар ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об ва ба роҳ мондани дипломатияи об аъзои Созмони Милали Муттаҳид фаъол бошанд, дар кори «чорабинии навбатии «Раванди оби Душанбе» — Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад» ва омодагӣ ба Конфронси оби соли 2028-и Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар ҳалли масъалаҳои дахлдор саҳми беш аз пеш гузоранд.
Дар баробари ин, дар робита ба поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ҳал намудани ҳама гуна низою ихтилофи байни давлатҳо Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки «Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад». Ин масъала дар робита ба ҳалли қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи пойдор дар ин минтақа дар асоси татбиқи қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва формулаи таъсиси «ду давлат», инчунин таъмини амният дар Афғонистони ҳамсоя ва рушди иҷтимоию иқтисодии он мубрамияти бештар пайдо мекунад.
Бояд таъкид намуд, ки суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми худ дар сатҳи байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ ба мамлакати фаъолтарини минтақа ва сайёра табдил ёфтааст. Аз ҷумла, қабули пешниҳоди Тоҷикистон оид ба қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар таърихи 25 июли соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гувоҳи аёни ин матлаб аст. Аз ин рӯ, минбаъд таъсис додани Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, ки Пешвои миллат ба миён гузоштанд, барои ҳалли масъалаи матраҳшуда воситаи хеле муассир ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ, масъалаҳои сулҳу амният ҷавҳари суханронии Пешвои миллатро дар иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташкил доданд. Аз ин рӯ, омодагии Тоҷикистон дар тавсеаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ дар заминаи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм», истиқболи ҷумҳурии мо аз «Паймон ба хотири оянда» ҳамчун иқдоми муҳими дастҷамъона дар роҳи пешбурди сулҳ ва рушди устувор ва пешниҳод оид ба қабули қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз минбари ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бори дигар ба таври равшану возеҳ садо доданд.
Таърихи ҳаштодсолаи Созмони Милали Муттаҳид, муборизаҳои он барои ҳифзи сулҳу амният ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалӣ дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ нишон медиҳад, ки ин созмон яке аз мақомоти бонуфузтарин ва муассиртарини байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ маҳсуб мешавад. Бе иштироки он дастёбӣ ба ин ҳадафҳои волои инсоният дар даврони муосир имконнопазир аст.
Аз ин рӯ, амалисозии он иқдом ва пешниҳодҳое, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид садо доданд, қадами бузурге дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувори инсоният ва таъмини сулҳу амнияти куллӣ дар сайёраи сарсабзи мо хоҳад буд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»