Бахшида ба Истиқлоли давлатӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ шуданд

Сентябрь 6, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода таъкид намуд, ки Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи санаҳои тақдирсозу тақдирофари миллати тоҷик маҳсуб мешавад, зеро маҳз дар ин рӯз ормонҳои ҳазорсолаи ниёгон амалӣ шуда, давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон ба арсаи таърих ворид гардид.

Тазаккур дода шуд, ки ҳама дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ маҳз таҳти сарварӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, Тоҷикистонро ба марҳалаи нави пешрафту тараққӣ расонидаанд.

Дар ҷамъомад як зумра кормандони Агентӣ бо назардошти натиҷаҳои назарраси хизматӣ ва иҷрои намунавии вазифаҳои худ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ бо нишони сарисинагӣ, сипосномаву ифтихорнома ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, 15 нафар бо нишони сарисинагии «Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия», 21 нафар бо «Ифтихорнома», 19 нафар бо «Сипоснома», 1 нафар бо медали ҷашнии «15-солагии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 5 нафар пеш аз муҳлат бо рутбаҳои махсуси навбатӣ ва 30 нафар бо рутбаҳои тахассусию махсуси навбатӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми раёсату шуъбаҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ ҷамъомадҳо ва чорабиниҳои идона доир гардиданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд