Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қазони Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва шаҳри Қазони Федератсияи Русия вохӯрӣ баргузор гардид, ки зимни он шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи шаҳри Қазони Федератсияи Русия ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Масъулин ҳамчунин самаранокии истифодаи беҳтарин таҷрибаҳои Федератсияи Русияро дар пешбурди соҳаи сайёҳӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва рушди мубодилаи сайёҳон байни ду давлат баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо барои ҳамкории судманд ва мустаҳкам намудани дӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ тавассути рушди сайёҳӣ ибрози ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд






