Байни Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ даҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 19.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр зимни баргузории ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ даҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи ин санадҳо ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бештар мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Созишнома байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корхонаи коркарди қанди Слутск» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби зулол», Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи чорводорӣ байни Ассотсиатсияи давлатии чорводории Беларус «Белплемживобъединение» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бобои Шарифбек» оид ба таҳвили чорвои зотии беларусӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати гӯшти Слоним»-и Ҷумҳурии Беларус ва Корхонаи воҳиди давлатии истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ дар шаҳри Душанбе, Созишномаи тиҷоратӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати шири Пружанӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лоҳур Тиҷорат» оид ба таҳвили шири хушк ва зардоби хушк ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи тиҷоратӣ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати шири Глубокский» ва Агентии таъмини молу мулки махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳо оид ба ворид ва содирот намудани маҳсулоти ғизоӣ ба имзо расонида шуданд.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки ҳамкории минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба заминаи бунёдии шарикӣ ва иттифоқи боэътимоди ду мамлакат, таъмиқи робитаҳои истеҳсолӣ ва илмию техникӣ табдил ёфта, густариши минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ бар асоси талаботи манфиати мардумони ду давлат равона шудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон талош менамояд, ки имконияти васеъ барои ҳамкории мутақобили судманд фароҳам оварад.
Иттилоъ дода шуд, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди ҳамкории иқтисодӣ — мубодилаи мол мебошад. Байти Тоҷикистону Беларус ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷӣ 2,2 фоизро ташкил дод, ки дар байни шарикони асосии иқтисодии хориҷии мамлакати мо ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Точикистон иброз намуд, ки баргузории Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус барои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии давлатҳо ва дигар самтҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии таъсири хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ, рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳавасмандгардонии васеи истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ тадбирҳои пайваста меандешад. Маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ба 150 миллиард сомонӣ расида, афзоиши воқеии 8,4 дарсадро нишон дод. Тоҷикистон дилпурона ба сӯи трансформатсияи рақамии иқтисоди миллӣ пеш меравад, ки ба шаффофияти бештари муносибатҳои молиявӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад»,-афзуд Вазири кишоварзии мамлакат.
Дар ҷараёни ҷаласа коршиносон иброз намуданд, ки дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии индустрикунонии босуръати мамлакат давоми панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб ду баробар – аз 27 ба 53 миллиард сомонӣ расид. Дар навбати худ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамин давра 1,9 баробар афзуда, аз 39 миллиард сомонӣ дар соли 2019 ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расид.
Ҳамчунин иштирокдорон доир ба рушди чорводории ду мамлакат ибрози андеша намуда, афзуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи чорводорӣ тадбирҳои судманд амалӣ менамояд. Инчунин ба рушди чорвопарварии Ҷумҳурии Беларус баҳои баланд дода, истифодаи таҷрибаи онҳоро барои рушди чорвопарварӣ мувофиқи мақсад донистанд.
Иттилоъ дода шуд, ки моҳҳои январ-июни соли 2025 аз Беларус 1056 сар чорвои калони шохдор оварда шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли 2024 42 фоиз зиёд аст.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои кишоварзӣ, озуқаворӣ ва омодасозии кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Юрий Горлов гуфт, ки бо баргузории ин Комиссия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, кооператсияи саноатӣ, саноати сабук ва дорусозӣ бештар мегардад.
Дар ҷараёни ҷаласа ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Иштирокдорон омодасозии кадрҳоро барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард






