Байни Тоҷикистон ва Чин Созишномаи нави алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Пекин байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишнома дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Созишнома ба васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, ба ин васила дар баланд бардоштани иқтидори боркашонии байналмилалии автомобилию транзитӣ ва расидан ба ҳадафи стратегии пешгузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани мамлакат саҳми арзанда мегузорад.
Истифода аз имконияти мазкур ба ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон мусоидат намуда, аз ҷумла барои татбиқи долони байналмилалии Чин – Тоҷикистон (тавасути долони Вахон) – Покистон дастрасӣ ба бандарҳои Қарочӣ ва Гвадар, Чин – Тоҷикистон – Шимоли Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва дастрасӣ ба бандарҳои Чобаҳор ва Бандарабос заминаи густурда фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Тоҷикистон ва Чин қабл аз ин дар асоси Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ аз 28 августи соли 2008 амалӣ мегардид. Тибқи он интиқоли молу маҳсулот аз тариқи гузаргоҳи марзи давлатии Тоҷикистон ва Чин – «Кулма-Қаросу» амалӣ мегардид.
Бо имзои Созишномаи нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин барои интиқолдиҳандагони ватанӣ дар кашонидани бор ба кишварҳои сеюм заминаи мусоид фароҳам мегардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






