Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ ба имзо расид

Сентябрь 5, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар Пекин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Яке аз онҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ  байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои миллии омори Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин санад ба мубодилаи иттилоот ва табодули таҷриба оид ба самтҳои афзалиятноки рушди омори расмӣ, аз ҷумла методологияи оморӣ, стандартҳо ва равандҳо равона мегардад.

Дар доираи ин санади ҳамкорӣ мубодилаи таҷриба оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва сарчашмаҳои нави маълумот барои таҳияи омори расмӣ, аз ҷумла рақамикунонии фаъолияти оморӣ, татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар ҷамъоварии маълумот ва истифодаи маълумоти калон дар таҳқиқоти оморӣ ва барӯйхатгирӣ амалӣ карда мешавад.

Инчунин ҷонибҳо дар оянда сафарҳои дуҷонибаи мутахассисонро бо мақсади омӯзиши таҷриба ва такмили малака дар самти ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва паҳнкунии маълумоти омори расмӣ бештар менамоянд.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои миллии омори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ бо мақсади табодули таҷриба оид ба усулҳои пешрафтаи ташаккули омори расмӣ ҷаласа, семинар ва конфронсҳои муштарак  доир менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд