Беш аз 300 таълимгирандаи Донишкадаи ҳарбӣ савганди садоқат ба Ватан ёд намуд

Сентябрь 2, 2025 12:04

ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маросими савгандёдкунии беш аз 300 нафар таълимгирандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омадааст, ба таври бошукуҳ ва мувофиқ ба талаботи оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ин ҳамоиши пуршукуҳи низомӣ ҷавонони далеру матиниродае, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро муваффақона супорида, сазовори номи донишҷӯ гаштаанд, бо тантана Савганди ҳарбӣ ёд карданд. Ин маросим ифодагари садоқату вафодории ҳар донишҷӯ ба халқ, ҳифзу ҳимоя ва хизмати содиқона ба Ватан мебошад.

Афсарони ояндаи марзу буми Ватан зимни ёд намудани Савганди ҳарбӣ дар назди ҳозирин мувофиқ ба талаботу муқаррароти он ва ҳамчун ҷавонони содиқу сарбаланди диёр бо аҳди ҷавонмардона қавл доданд, ки савганди ёднамудаи худро дар раванди таҳсил ва минбаъд дар ҷараёни фаъолияти пурмасъулият пос медоранд. Ҳамзамон дар таъмини зиндагии осоишта, пойдории сулҳу субот ва ваҳдати комили ин сарзамини аҷдодӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Масъулини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар назди ҳайати шахсӣ ва дигар иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ вобаста ба таъкидҳои пайвастагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф аз аҳамияти бузургу таърихии он дар ҳамаи давру замон ёдоварӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф ва таълиму тарбияи ҷавонон, алалхусус кадрҳои баландихтиссоси соҳаи низомӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, маърифатнок намудан ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати маорифпаваронаи Сарвари давлат мебошад.

Чорабинии бошукуҳу тантанавӣ дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии  Вазорати мудофиа бо баровардани Байрақи ҷангӣ аз майдони баргузории ҷамъомад ва гузашти низомию қадамзании тантанавори афсарону курсантони ин боргоҳи илмии низомӣ ба поён расид.

АКС: маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2025 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд