«Биё! Бисоз 2.0»: тарофаи шумо — қоидаҳои шумо
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» тарофаи нави «Биё! Бисоз 2.0»-ро амалӣ намуд, ки ба муштариён барои мустақилона ташкил намудани тарофаи худ имкон медиҳад. Ин пешниҳод дар бозори хизматрасониҳои телекоммуникатсионии ҷумҳурӣ нодир ба ҳисоб рафта, зимни он ба истифодабарандагон зиёда аз 22 ҳазор бастаи хизматрасониҳо дастрас мегарданд.
Бо тарофаи нав муштариён метавонанд худашон ҳаҷми трафики интернет, миқдори дақиқаҳо ва SMS-ро дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намоянд. Арзиши баста аз параметрҳои интихобшуда вобаста буда, ба талаботи воқеии мизоҷ мувофиқ карда мешавад.
Нархи пасттарини тарофа 65 сомониро ташкил медиҳад. Ба ин баста 15 ГБ трафик, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 50 дақиқа ба шабакаҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, трафики интернети бемаҳдуди шабона аз соати 00:00 то 06:59, инчунин имконияти истифодаи ройгони «Oila TV» ва онлайн-кинотеатри Иви дохил мешаванд.
Нархи баландтарини тарофа 358,50 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин баста ба истифодабаранда 150 ГБ трафики интернет, 500 дақиқа барои зангҳои содиротӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 300 SMS дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас мегарданд. Опсияҳои иловагӣ, ба монанди трафики бемаҳдуди шабона, онлайн-кинотеатри Иви ва «Oila TV» низ мавҷуданд.
Муштариёне, ки тарофаро бо нархи 100 сомонӣ ва зиёдтар пайваст мекунанд, +100 фоизи трафики интернет барои 12 моҳ аз лаҳзаи пайвасткунӣ туҳфа мегиранд.
Ҳам муштариёни нав ва ҳам амалкунанда метавонанд ба тарофаи «Биё! Бисоз 2.0» гузаранд. Тарофаро мустақилона пайваст кардан мумкин аст. Роҳи мувофиқтарин тавассути замимаи мобилии «MeгаФон Life» мебошад. Дар замима бояд қисми «Тарофаи ман»-ро кушоед, баъдан ба бахши «Дастрас» гузаред ва тугмаи «Биё! Бисоз 2.0»-ро пахш намоед. Ҳамин тариқ, ба корбар дастрасӣ ба калкулятори тарофа пешниҳод мегардад. Дар он ҷо метавонед ҳаҷми зарурии хизматрасониҳои бастаро интихоб намуда, арзиши онро бубинед. Агар ба шумо кумаки мутахассис лозим шавад, пас метавонед ба идораҳои хизматрасонии муштариён ё ба мушовирони онлайн — тавассути сомонаи оператор ва замимаи «MegaFon Life» муроҷиат намоед.
Муштариёни нави ширкати «МегаФон Тоҷикистон» метавонанд тарофаро дар идораҳои хизматрасонӣ пайваст намуда, аз тафсилоти он огоҳ шаванд ва мутахассисони ширкат дар интихоби бастаи зарурӣ ба онҳо кумак хоҳанд намуд.
«Ҷаҳон тағйир меёбад ва мо ҳам якҷоя бо он тағйир меёбем. Имрӯз муштариён на пешниҳодоти стандартӣ, балки имконияти мустақилона идора намудани алоқа ва комилан самаранок истифода бурдани хизматрасониҳоро мехоҳанд. Тарофаи «Биё! Бисоз 2.0»- ин озодии интихоб, шартҳои муносиб ва назорати комил барои муштариёни мост», — иброз дошт директори генералии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий Изюмников.
Муфассалтар дар бораи тарофаи «Биё! Бисоз 2.0» – дар сомонаи ширкат.
АКС: Ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






