Бунёди ҷаҳонии AIM барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо Президенти Бунёди ҷаҳонии Annual Investment Meeting (AIM) Довуд Ал-Шезавӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо имконияти истифоданашударо дар соҳаҳои саноат ва энергияи «сабз» мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.
Аҳлиддин Нуриддинзода изҳор намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ҳарду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муҳтарам Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳён муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи баланд баромаданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни ду давлат дар 9 моҳи соли 2025 беш аз 2 баробар афзуд. Бо вуҷуди ин ҷонибҳо зарурати тавсеаи тиҷорати дутарафаро таъкид намуда, ба мувофиқа расиданд, ки имконияти истифоданашударо дар соҳаҳои саноат, энергияи «сабз», кишоварзӣ, авиатсия, сайёҳӣ ва логистика пурра истифода намоянд.
Баъд аз муҳокимаи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ҷонибҳо барои рушди инфрасохтор, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои нав изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергияи барқароршаванда, истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин рушди кластерҳои саноатӣ имконияти фаровон дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ дар доираи платформаи AIM ба густариши муносибатҳои иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоягузориҳои мутақобил мусоидат мекунад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






