Дар Ашқобод 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

Сентябрь 16, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 15.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Намояндагии дипломатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамоиш доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пойдории истиқлоли мамлакат,  таъмини соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рукнҳои давлатдории тоҷикон таъкид намуд. Ҳамзамон дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон давоми 34 соли истиқлоли давлатӣ маълумоти муфассал дод.

Зимни ҳамоиш суруду шеърҳои ватандӯстонаю ватанпарварона хонда шуда, ба ҳамватанон номинатсияҳои санъату ҳунарҳои анъанавии тоҷикон, аз қабили чакан, атлас, зардӯзӣ, кундал, зарфҳои гилӣ, либосу кулоҳ, инчунин таомҳои миллӣ пешкаш гардиданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Сентябрь 16, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад