Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 408 нафар довталаб иштирок намуд, ки 15 нафар сазовори ҷойи якум, 33 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 35 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки тибқи таҳлилҳо, теъдоди иштирокдорони озмун дар вилоят сол то сол зиёд гардида истодааст.
«Баргузории ин озмун барои тақвияти зеҳнӣ ва аз худ намудани донишҳои муосир дар замони рушди техникаю технология заминаи мусоидро фароҳам меорад. Дар баробари зиёд намудани шумораи иштирокдорон, ба сифати ихтироъ ва кори онҳо бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад, зеро ин тадбирандешӣ метавонад ба натиҷаҳои беҳтару хубтар расидани иштирокдорон заминаи мусоид фароҳам орад»,-афзуд Алишер Мирзонабот.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаю технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо доир мешавад.
Ғолибон даври вилоятии ин озмун бо мукофоти пулӣ ва Диплом қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






