Дар Бадахшон оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки 25 июли соли равон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи махсус қабул гардид, ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Иштирокчиён дар оғоз бо намоиши дастовардҳои самти зеҳни сунъии олимону донишҷӯёни вилоят шинос шуданд.
Иброз гардид, ки ташаббусҳои муҳиму таърихии Пешвои башардӯсти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манфиати кулли инсоният нигаронида шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба меёбанд, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми тоҷик мебошад.
Дар заминаи комёбиҳои беназири давлатсозӣ, ки муҳлати начандон дарози таърихиро дар бар мегиранд, бо назардошти ғановати бостонии тамаддунию фарҳангӣ Тоҷикистон аз ибтидои асри нав бо ташаббусҳои муҳими таърихӣ дар арсаи ҷаҳонӣ баромад мекунад.
Асоси инкишофи ҷамъият илму маориф аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаҳоро дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ афзалиятнок эълон намуда, тамоми имкониятро барои равнақи онҳо ҷалб намудудааст. Дар натиҷа дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ 73,6 миллиард сомонӣ равона гардид.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар се соли охир дар вилоят 25 муассисаи нави таълимӣ ва 36 муассисаи томактабӣ бунёд карда шуд. Ин раванд идома ёфта, то таҷлили 35 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон боз 11 мактаб ва 45 муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти иқлиму об ва пиряхҳо то пешниҳоди навбатии таърихӣ дар бораи зеҳни сунъӣ- ин ҳама нишони онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар ҷодаи илм дорои имконияти зарурӣ мебошад. Ташаббуси глобалӣ вобаста ба зеҳни сунъӣ агар аз як ҷиҳат иқдоми сиёсӣ бошад, аз тарафи дигар падидаи арзишӣ маҳсуб мешавад.
Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» нишон дод, ки Тоҷикистон дар асри рақамӣ мавқеи устуворро соҳиб гашта, кӯшиш бар он дорад, ки дар ин масир низ яке аз давлатҳои пешқадам бошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд






