Дар Бонки миллии Тоҷикистон имконияти платформаи рақамии амалиёти факторингӣ бо ширкати «OZPLANET» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имконоти платформаи рақамии амалиёти факторинг* ва густариши ҳамкорӣ дар ин самт дар мулоқоти муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода бо муассисони ширкати узбекистонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «OZPLANET» ва роҳбари барномаи «Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул»-и Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар Душанбе баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода иброз намуд, ки рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Бонки миллии Тоҷикистон аст. Дар ин самт татбиқи платформаи электронии факторингӣ, ки иқтидори дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъмини шаффофияти ҳисоббаробаркунӣ ва фаъолгардонии гардиши сармояро дар иқтисодиёт дорад, саривақтӣ ва муфид хоҳад буд. Барнома ва платформаи электронӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди маблағгузорӣ таҳти гарави дороиҳои манқул, алалхусус ташкили платформаи рақамии факторинг ба таври сода ва зуд анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳоро байни соҳибкорону таҳвилгарони онҳо имкон медиҳад.
Намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «OZPLANET» доир ба фаъолияти платформаи рақамии факторинг дар Узбекистон маълумот пешниҳод намуда, кори платформаи мазкурро дар амал нишон доданд. Ширкати «ОZPLANET» таҳиякунанда, соҳибмулк ва оператори яке аз платформаҳои рақамии факторинг дар ин давлат буда, дорои таҷрибаи рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ дар Узбекистон ва Русия мебошад.
Фирӯз Шарифзода иброз дошт, ки дар доираи Харитаи роҳ барои амалинамоии барномаи «Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул» барои соҳибкорони хурду миёна дар Тоҷикистон соли 2024 байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ созишномаи дутарафа ба имзо расид. Ҳадафи он зиёд намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна дар Тоҷикистон ба хизматрасонии молиявӣ ва маҳсулоти қарзии алтернативӣ буда, маблағгузорӣ таҳти гарави дороиҳои манқул метавонад ба ин раванд мусоидат намояд.
Дар анҷом ҷонибҳо доир ба самтҳои дигари ҳамкории минбаъда табодули афкор намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон
___________
* Факторинг воситаи молиявӣ барои ширкатҳое мебошад, ки мол ё хизматрасониро бо шарти ба таъхир андохтани пардохт мефурӯшанд. Ба воситаи он молрасон ҳуқуқи талаб кардани қарз (қарзҳои дебиторӣ)-ро ба ширкати факторингӣ (бонк ё фирмаи махсусгардонида) барои пардохти фаврӣ, бе интизории пардохт аз харидор вогузор мекунад.








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






