Дар даврони истиқлоли миллӣ моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандӯстӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар падару модар ва фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад.
— Дар иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ҳамчун санади муҳими таърихӣ барои муайян намудани роҳи минбаъдаи пешрафти давлати соҳибихтиёру демократии мо нақши босазо гузошт.
Дар асоси ин санади таърихӣ дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки имсол мардуми шарафманди диёрамон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 34- солагии ин дастоварди волотарини давлати тоҷиконро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.
Давоми солҳои истиқлолияти миллӣ пояҳои асосии давлати ҳуқуқиву дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуданд. Тавассути парламенти касбии доимамалкунанда, қабул шудани як силсила қонунҳое, ки ба рушди иқтисоди бозаргонӣ, инкишофи батадриҷи муҳимтарин соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ мусоидат менамояд, Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави рушд расид.
Эълони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи мустақилонаи минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқ ба вуҷуд овард.
Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва қабули аввалин Конститутсияи давлати демократӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул гардиданд, ки онҳо ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона гардида, кафолати давлатии ҳифзи оиларо асоси ҳуқуқӣ бахшиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрию суҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар руҳияи ватандӯстӣ ба пойдорию устувории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Аз рӯзҳои аввали бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд эҳтироми арзишҳои волои оиладорӣ дар мадди аввал гузошта шудааст. Дар сатҳи Конститутсия баробарҳуқуқии мардону занон пешбинӣ гардида, дар як вақт меъёрҳои заминавии ташаккули муносибатҳои оилавӣ инъкос гардидаанд. Аз ҷумла, ҳамчун асоси ҷамъяит аз ҷониби давлат ҳимоя шудани оила, ҳуқуқи ҳар кас ба ташкили оила, озодона бекор намудани ақди никоҳ, дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ баробарҳуқуқ будани зану шавҳар, манъ будани бисёрникоҳӣ, таҳти ғамхорӣ ва ҳимояи махсуси давлат қарор доштани модару кӯдак, уҳдадории падару модар дар тарбияи фарзанд, масъулияти фарзандони болиғ ва қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъминоти падару модар ва ғайра. Бобати амалишавии ин меъёрҳои конститутсионӣ аз ҷониби Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мунтазам чораҳои муассир андешида шуда, дар баробари ин заминаи қонунгузории оилавӣ марҳила ба марҳила такмил дода мешаванд.
Ҳамзамон дар моддаи 16 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар оила ҳамчун рукни табиӣ ва асосии ҷамъият эътироф шудааст. Дар санадҳои номбаршуда ва дигар санадҳои дахлдори байналмилалӣ ҳифзи ҳуқуқи модарону кӯдакон сабт гардида, шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оила пешбинӣ шудаанд.
Бояд гуфт, ки санадҳои байналмилалие ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқи ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва дар танзими муносибатҳои оилавӣ, таъмини баробарии мардону занон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии модару кӯдак низ нақши калидӣ доранд.
Мутобиқи Конститутсия низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон демократӣ эътироф шудааст, ки дар чунин шароит низоми ҳама соҳаҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла қонунгузории оилавӣ низ ба арзишҳои демократӣ такя мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 13 ноябри соли 1998, яъне баъди чор соли қабули Конститутсия қабул шудааст, дар асоси принсипҳое муқаррар шудаанд, ки ба пойдории оила ва ҳимояву дастгирии он аз ҷониби давлат далолат мекунанд.
Ин принсипҳо дар баробарҳуқуқии мардону занон дар ҳалли масоили оилавӣ, баробарҳуқуқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод ва эътиқоди динӣ, муҳофизат ва ҳавасманд намудани модарӣ, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон ва таъмини манфиати онҳо, якканикоҳӣ, озодонаву ихтиёрӣ ва дар зери назорати давлат будани никоҳ ва озодона бекор намудани никоҳ, аз ҷиҳати моддиву маънавӣ масъули ҳамдигар будан ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оила зоҳир мегарданд. Ҳар яке аз ин усулҳои номбаршуда моҳияти амиқи иҷтимоӣ дошта, ба андешаи муосири ҳуқуқу озидиҳои инсон комилан созгор мебошанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама нақшу аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории оилаву никоҳ ва танзими муносибатҳои дохилиоилавӣ аввалиндараҷа мансуб дониста мешавад.
Дар заминаи Конститутсияи мамлакат Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, то ба имрӯз тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замони муосир мутобиқ гардонида шуданд.
Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ меъёру падидаҳои навро, ки қаблан ба қонунгузорӣ маълум набуданд, дар бар гирифта, ба рушди низоми ҳуқуқи оилавӣ дар ҷумҳурӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузоштанд ва ба ташаккули оилаи солим, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳар як узви оила, хусусан занону кӯдакон мусоидат намуданд. Ба зумраи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба танзими муносибатҳои оилавӣ равона гардидаанд, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 «Дар бораи Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ», аз 8 августи соли 2001 «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001- 2010», аз 1 октябри соли 2004 «Дар бораи тасдиқи номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будан шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад», аз 1 октябри соли 2004 «Оид ба тасдиқи навъҳои музди меҳнат ва дигар даромадҳое, ки аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ алимент рӯёнида мешавад», аз 1 ноябри соли 2006 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 — 2016», аз 29 майи соли 2010 «Дар бораи тасдиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», аз 30 декабри соли 2015 «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 28 феврали соли 2025 «Дар бораи Шурои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 26 декабри соли 2024 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030», аз 1 марти соли 2024 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва дигар санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ дохил мешаванд.
Яке аз санадҳои асосие, ки муносибатҳои оилавиро дар ҷумҳурӣ ба танзим медарорад, ин Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 13 ноябри соли 1998 қабул гардид. Кодекс аз 8 фасл, 22 боб ва 178 модда иборат мебошад. Кодекс бо тақозои воқеияти нави иҷтимоӣ ва ташаккули муносибатҳои оилавӣ дар замони нав қабул гардида, меъёрҳои муҳимро, ки қаблан ба қонунгузории оилавӣ маълум набуданд, дар худ инъикос намуд ва дигаргуниҳои куллиро дар ташаккули муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ба вуҷуд овард. Ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади танзими муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ ва устувории он пешбинӣ намуд, ки муносибати байниҳамдигарии ҳамсарон ва дигар аъзои оила ба эҳтирому муҳаббат, ёрии байниҳамдигарӣ ва масъулияти тамоми аъзои оила дар ҳаёти якҷоя, иҷрои ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар яке аз аъзои оила дар назди ҳамдигар, инчунин имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбанд.
Падидаи муҳиме, ки қонунгузории оилавӣ муқаррар намуд, муоинаи тиббии издивоҷкунандагон ба шумор меравад, ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, таҳкими зиминаҳои оилаи солим, таъмини пойдорӣ ва хушбахтии оилаҳо, пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва таваллуди фарзандони солим мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ аз 23 январи соли 2015 ва суханронии худ ба муносибати Рӯзи модар 6 марти соли 2015 ба ин масъала аҳамияти махсус зоҳир намуда, иброз намуданд, ки «яке аз сабаби пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандро бе муоинаи тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд». Ҳамчунин Роҳбари давлат дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи модар ба масъалаи аз никоҳҳои хешутабории наздик таваллуд шудани фарзандони маъюб изҳори нигаронӣ намуда, гуфтанд, ки «донишмандони соҳаи генетика ва тибби тоҷик сабаби бемориҳои солҳои охирро ба никоҳи хешутабории наздик низ мансуб дониста, тамоюли рӯ ба афзоиш будани онро илман исбот намудаанд».
Пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мустаҳкам гардидани оилаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, давлат баҳри беҳтар намудани шароити оилаҳо, ҳифзи манфиатҳои модару кӯдак ғамхорӣ менамояд ва барои омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Тибқи моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд». Давлат кафолат медиҳад, ки ҳар оила ва узви онро таҳти ҳимояи худ гирад.
Гуфтан зарур аст, ки дар баъзе ҳолатҳо оилаҳо ва шаҳрвандон аз нокифоя будани дониши ҳуқуқӣ то ҳол моҳияти қонунро дуруст дарк накардаанд. Кам нестанд оилаҳое, ки бе сабти қонунии никоҳ оила барпо намуда, зиндагӣ ба сар мебаранд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва тибқи қонунҳои ҷорӣ раъйи зану шавҳарро, ки ихтиёран оила барпо мекунанд, танҳо дар он ҳолат ба инобат мегиранд, ки онҳо аз ҷониби мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта, ақди никоҳашон ба расмият дароварда шуда бошад. Яъне шаҳодатномаи ақди никоҳ барои онҳо ҳуқуқи зану шавҳариро медиҳад ва асоси барпо гардидани оилаи нав маҳсуб меёбад. Мақомоти давлатӣ ақди никоҳеро, ки танҳо бо расму оинҳои динӣ сурат гирифтаанд, ба эътибор намегирад. Зеро дар ҳолати барҳам ҳӯрдани оилаи дар асоси никоҳи динӣ ташкилшуда давлат кафолат дода наметавонад ва бе молу мулк мондани зан ва ё шаҳвар аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин аз қайди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаштани ҷавонон аҳамияти махсус дорад. Танҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ҳуҷҷати асосӣ ва далели тасдиқкунандаи аз қайд гузаштани ақди никоҳ ба шумор рафта, ҳуқуқҳои зану мардро муқаррар менамояд.
Барои аз қайди никоҳ гузаштан, навхонадорон мувофиқи моддаи 12-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд шартҳои асосии ақди никоҳро риоя намоянд:
- Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст.
- Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.
- Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:
— истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир, бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ.
Шахсоне, ки духтар ё писарро маҷбурӣ ба никоҳ розӣ мекунанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Қонун ҳам масъулияти ҷавононро пеш аз оиладоршавӣ ба назар мегирад. Дар қонунгузорӣ муҳлати як моҳ пеш аз қайди никоҳ ариза додани издивоҷкунандагон пешбинӣ шудааст, то ки ҷавонон дар ин муддат дар бораи шахси интихобкардаашон ва ҳаёти оиладорӣ хубтар мулоҳиза намоянд.
Ҳамин тариқ, зан ва мард танҳо баъди қайди никоҳ дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зану шавҳари комилҳуқуқ дониста мешаванд.
Қайди бастани ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба ҷо оварда мешавад. Қонун тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби тағйир додан, ислоҳ, барқарор ва бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби ташкил намудани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиб ва муҳлати нигоҳ доштани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (китобҳои аснод) ва вазъи ҳуқуқии мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, танзим мекунад.
Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон ва ба манфиати давлат ва ҷамъият, аз ҷумла бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти омории пурра, дуруст ва саривақтӣ оид ба ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар карда мешавад.
Ҳамин тариқ, гуфта мешавад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар баъд аз ақди никоҳ ба вуҷуд меояд. Зану шавҳар дар оила баробарҳуқуқанд ва дар назди оилаю ҷамъият вазифа ва масъулияти муайян доранд.
Дар баробари ин бояд гуфт, ки қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ, дар баробари бастани ақди никоҳи шаҳрвандон, аҳдномаи никоҳро ҳам байни зану шавҳар пешбинӣ намудааст, ки он ихтиёрӣ буда, аз ҷониби намояндагони нотариалии давлатӣ пеш аз никоҳ ё дар ҷараёни зиндагӣ тавассути шартномаи дутарафа тасдиқ мешавад.
Инчунин дар асоси моддаи 32 ва 33-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зану шавҳар дар оила баробарҳуқуқ буда, ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, касб, намуди фаъолият, иқоматгоҳ ва маҳалли будубош озод ҳастанд.
Ҳамзамон зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кумаки якдигар ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некуаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд. Онҳо ҳангоми ақди никоҳ дар интихоби насаб баробарҳуқуқ мебошанд.
Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар шароити муосир номгузории миллӣ, яке аз асосҳои муҳими эҳёи анъана ва дигар арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Номгузории миллӣ низ дар ҳар давру замон ҳамчун мероси ғании фарҳангӣ мақому манзалати бузург дошта, ҳамчун ҷузъи таърих, фарҳанги миллӣ ва маърифати оиладорӣ ба эътирофу инкишофи фарҳанги муосир ва беҳдошти симои маънавии инсон таъсири амиқу ғизои маънавӣ гузошта, тафаккур, заковати фитрӣ, шуури маънавӣ ва анъанаҳои бузурги фарҳанг солории миллиро сайқал дода, дарҳои маънавии ҷомеаро боз менамояд. Дар воқеъ, истифодаи маъмули номгузорӣ такя бо анъанаҳои миллӣ танҳо бо давраи ба даст овардани соҳибистиқлолии миллӣ ва дар таҳрири нав қабул гардидани як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷилои тоза пайдо намуда, таваҷҷуҳи хоссаро ба худ ҷалб намуд ва аз ҷониби падару модарон зимни номгузории фарзандони худ ба таври васеъ аз он истифода гардид. Дар масъалаи номгузории фарзанд бояд тамоми ҷабҳаҳои ахлоқиву маънавии ояндаи фарзанд ба инобат гирифта шуда, номгузории ӯ бештар бо такя ба воситаҳои илмӣ, мулоҳизаи мантиқӣ ва анъанаҳои миллӣ амали карда шавад ва дар ин ҷода муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» риоя карда шавад. Ҳар як шаҳрванд, хусусан падару модар бояд дар номгузорӣ ба фарзандони худ аҳамияти махсус зоҳир намуда, бо мақсади тарғибу ташвиқи бештари номгузории миллӣ бетараф набошанд ва доираи илму адаб, олимону мутахассиони соҳаи фарҳангу забон ва таъриху ҳуқуқ китобу маҷаллаҳо ва дастурамалҳоеро, ки фарогири шарҳи мазмуну маънои номгузории миллӣ мебошанд, таҳия ва нашр намоянд. Ин иқдом ба баланд гардидани сатҳи маърифату фарҳанги маънавӣ ва ахлоқии аҳолии мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Вобаста ба танзими масъалаи номгузорӣ бо дарназардошти арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги миллии тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» аз 2 январи соли 2025 дар таҳрири нав қабул гардида, дар моддаи 20 он муқаррар карда шуд, ки номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ амалӣ мегардад. Насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз ном ё насаби падар ё решаи онҳо, насаби модар ё решаи насаби ӯ, ном ё насаби бобо, номи падари бобо бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад. Ҳамзамон дар сатҳи қонун ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, инчунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст.
Дар сатҳи Қонун ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба ном дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода шуда, ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки онҳо бо хоҳиши худ метавонанд номгузории кӯдаконашонро тибқи анъанаҳои миллиашон амалӣ намоянд.
Дагар масъалаи муҳим ин аст, ки имрӯз Кодекси оила бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ зимни бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба таври ҳатмӣ бастани аҳдномаи никоҳро пешбинӣ кардааст, ки ин меъёр то андозае барои ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат заминаи ҳуқуқӣ гардид. Кодекси оила созишномаи пардохти алиментро низ муқаррар намудааст, ки ин созишнома дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, баста мешавад. Инчунин ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент муқаррар карда шудааст, ки тибқи он суд метавонад барои фарзандони болиғ, ки донишҷӯи таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни 20 ва 24 солагӣ расиданашон аз падару модар алимент ситонад.
Зимнан, дар ҳар давру замон яке аз вазифаҳои муҳими оила ва қонунгузории оилавӣ ин муҳайё намудани заминаи мусоид барои тарбия ва ба камол расидани кӯдак, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо маҳсуб меёбад. Ба мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ба роҳи рост ва меҳнати созанда, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва риояи меъёрҳои одобу ахлоқ ҳидоят намудани онҳо, ки метавонад ба тарбияи дурусти фарзанд дар оила таъсири мусбӣ расонад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 20 июни соли 2024 дар таҳрири нав қабул гардид. Дар Қонун тамоми меъёрҳое, ки метавонанд ба тарбияи дурусти фарзанд мусоидат намоянд зикр шуда, дар он вазифаи падар ва модар, давлат ва ҷомеъа дар тарбияи фарзанд муайян гардидааст. Ҳамчунин фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак такони замина гузошта, барои баланд гардидани мақоми байналмилалии Тоҷикистон, иҷрои муқаррароти санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки Тоҷикистон онро ҳанӯз соли 1993 ба тасвиб расонидааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа мусоидат мекунад.
Ғамхорӣ дар ҳаққи оила, боло бурдани сатҳи иқтисодии онҳо, таъмини ҳаёти осудаву саодатмандонаи ҳар як узви оила ва барорбарии воқеии онҳо дар ҳалли ҳамагуна масъалаҳои оилавӣ мақсаду маром ва ҳадафи ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила пайваста таъкид менамоянд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки бинобар рӯзмарра будани ин масъала соли 2015 «Соли оила» эълон гардида, бо мақсади таҳкими заминаҳои маърифати оиладорӣ як зумра тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шуданд.
Дар даврони истиқлоли миллӣ ба шарофти дастгирию ғамҳориҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид.
Маҳкам МАҲМУДЗОДА,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»