Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат – кафили соҳибистиқлолӣ ва зиндагии шоиста» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аҳамияти таърихӣ ва сарнавиштсози Истиқлоли давлатӣ, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллӣ, таҳкими сулҳу субот, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро таъкид намуд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат дар роҳи инкишофу пешрафт гомҳои устувор мегузорад. Истиқлолият дастоварди нодир ва бузурги таърихӣ мебошад, ки роҳи ояндаи халқи тоҷикро мунаввар гардонидааст. Барқарорсозии истиқлолият баланд гаштани мавқеъ ва нуфузи Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон аст, ки дар доираи он халқи моро шинохтаанд. Тоҷикистон ба воситаи ин неъмати беназир дар ҳама ҷодаҳо ҷойгоҳи худро пайдо намуд.
«Дар замони соҳибистиқлолӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо соҳиби пешрафт гардид. Ҳама заҳматҳои содиқонаи устодону кормандони донишгоҳро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ менамоянд»,-гуфт Дилрабо Мансурӣ.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу таҳкими Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург аст. Истиқлол барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин, бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат мебошад.
Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаи олам мақому манзалати шоиста пайдо намуд ва дар ҳалли як силсила мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои обу иқлим саҳми назаррас гузошт, ки дар натиҷа ҳамчун ҷумҳурии пешсафу ташаббускор мавриди эҳтирому эътироф қарор гирифт.
Дар ҷамъомад як зумра устодону кормандони донишгоҳ барои фаъолияти самаранок дар соҳаи маориф ва саҳми арзандаашон дар рушди илму таълим бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






