Дар Душанбе ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид

Сентябрь 26, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа дар радифи ҳайатҳои расмии Тоҷикистон, Арманистон Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода суханронӣ намуд.

Тазаккур дода шуд, ки баргузории ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 гузаронида шуд. Он бозгӯи нақши фаъоли Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва рушди раванди ҳамгироӣ дар соҳаи гумрук мебошад.

Дар ҷаласаи 81-уми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 16 масъалаи муҳими марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук баррасӣ гардид. Аз ҷумла, роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои таснифоти баъзе молҳо, назорат аз болои контейнерҳои муваққатан воридшуда, мубодилаи таҷриба дар шиносоии воситаҳои нақлиёти гибридӣ ва тасдиқи нақшаи кори Шуро барои соли 2026-ро баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҳамзамон қарор оид ба имзои Созишнома дар бораи таъсиси Маркази экспертиза ва таҳқиқот қабул гардид. Ҳадафи он муттаҳидсозии усулҳо ва ҳамоҳангсозии корҳо ҳангоми гузаронидани экспертизаҳои гумрукӣ мебошад. Ин барои Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар татбиқи усулҳои муосири таҳлил ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имконияти нав фароҳам меорад.


Дар ҷаласа ба масъалаи татбиқи технологияҳои иттилоотии муосир, таҳкими амнияти гумрукӣ ва рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар анҷоми ҷаласа самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда муайян ва чорабиниҳои омодагӣ ба ҷаласаи 82-уми Шуро, ки соли 2026 баргузор мегардад, мувофиқа карда шуданд.

Натиҷаи ҷаласа барои баланд бардоштани самаранокии ҳамкории минтақавӣ, ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва амалӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар фаъолияти мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти калон дорад.

 

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард