Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсози сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳамоҳангсози сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бо иштироки намояндаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он масъалаҳо доир ба таҳкиму тақвияти иқтидори мудофиавии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа ба масъалаҳои дахлдори соҳа, аз ҷумла даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ҳамоҳангии сохторҳои марбута дар таъмин ва омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои сафарбарӣ, ташкили ҷамъомадҳои мудофиаи ҳудудӣ, босифат гузаронидани ҳама ҷамъомаду чорабиниҳои низомии нақшавӣ, машқҳои муштараки ҳарбӣ, омодагии ҳамаҷониба дар таъмини боэътимоди хати сарҳади давлатӣ ва дар маҷмуъ ҳифзи якпорчагии марзу буми Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Тарҳрезӣ намудани сару либоси ҳайати шахсии Артиши миллӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар шакли ягонаи миллӣ аз масъалаҳои дигари баррасишудаи ин ҷамъомад буд, ки он бо таклифу пешниҳодҳои мушаххас ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор гирифт.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд






