Дар Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» оғоз шуд

Сентябрь 17, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 25 сентябр дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Амалиёт бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини амнияти иштирокчиёни ҳаракат гузаронида мешавад.

Зимни гузаронидани ин амалиёт кормандони милитсия ба риояи ҳатмии истифодаи тасмаи бехатарӣ аз ҷониби ронандагон ва мусофирон, ҳамчунин ба қоидаҳои истифодаи мотосикл ва скутер таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар роҳҳо эҳтиёткорона ҳаракат намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд. Зеро риояи ин талабот кафолати амнияти шахсӣ ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир дар кӯча ва роҳҳои мошингарди мамлакат вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ташвишовар гардида, боиси фавти мусофирони дохили нақлиёт ва ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштани онҳо мегардад.

Ёдовар мешавем, ки амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» дар шаҳри Душанбе аз соли 2023 инҷониб гузаронида мешавад.

АКС: Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 17, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид