Дар Душанбе Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи олимону коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зист Атласи тозанашри тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар маросими муаррифии Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев, муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода, Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Парвати Рамасвами сухан намуда, нашри Атласро дар шароити тағйирёбии иқлим муассир арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти наву муҳиме пешкаш мекунад, ки ба Тоҷикистон дар ҳалли оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва таназзули муҳити зист кумак мерасонад. Атлас ба тасмимгирандагон имкон медиҳад, ки чораҳои ҳифзи захираҳои табиӣ, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва мусоидат ба рушди устуворро муайян намоянд.
Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории илмӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва дастгирии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист /ЮНЕП/ бо забони русӣ дар Қазоқистон бо намунаи пилотӣ 50 нусха нашр гардидааст. Он дар оянда бо забони тоҷикӣ ва русӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор нусхаӣ чоп мегардад.
Барои тартиб додани Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд. Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳоро оид ба муҳити зист давоми 60 соли охир дар бар мегирад. Дар Атлас вобаста ба самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ, иқлим, истифодаи ҷангал, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо бо ҷалби мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, канданиҳои фоиданок ва дар маҷмуъ дигар соҳаҳои афзалиятнок маълумоти дақиқ ҷамъ оварда шудааст.
Аксҳое, ки дар Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд, солҳои 2020-2024 аз коинот аксбардорӣ гардидаанд. Онҳо дигаргунии куллиро дар самти омилҳои тағйирёбии иқлим дар бар мегиранд.
Дар шароити тағйирёбии иқлим чопи Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ва муҳим буда, метавонад ҳамчун китоби рӯйимизӣ истифода гардад. Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои давлатӣ дастрас карда мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд






