Дар Душанбе омодагӣ ба Конфронси навбатии Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муҳиммияти мутобиқсозии ташаббусҳои экологии «сабз» бо афзалияти миллӣ ва минтақавӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Батир Мамедов баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ якчанд лоиҳаи муҳими минтақавӣ, аз қабили «RESILAND CA+», «One Health» ва «Blue Peace»-ро бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ менамояд. Лоиҳаҳо бахшҳои марбут ба Тоҷикистонро низ дар бар гирифта, ба таҳкими иқтидори миллӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва шарикони техникӣ дар Тоҷикистон низ густариш меёбад. Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар сатҳи миллӣ изҳори омодагӣ намуданд. Гуфта шуд, ки дар айни замон чорабинии муҳиме дар чаҳорчӯби лоиҳаи «One Health» дар марҳилаи омодагӣ қарор дорад. Аз ҷумла, ҷонибҳо аҳамияти Конфронси навбатии Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлимро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба он изҳори омодагӣ намуданд.
Мавзуи ҷалби сармоягузориҳои «сабз», ки ба рушди устувор ва муҳофизати муҳити зист дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон равона шудааст, ҳамчун бахши калидии гуфтугӯ баррасӣ гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд






