Дар фасли тирамоҳ бемориҳои музмин бештар мегарданд
ДУШАНБЕ, 09.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тирамоҳ авҷгирии бемориҳои музмин бештар мегардад. Зеро тағйирёбии ҳаво ба вазъи саломатии одамони синну соли гуногун, ивазшавии бофтаҳои бунияи инсон ва фаъолияти онҳо таъсири мухталиф мерасонад. Пас дар ин фасл кадом бемориҳо бештар авҷ мегиранд?
Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, инсон бояд ба ҳавои ин фасл мутобиқ шавад. Аввалан инсон бояд мутобиқи боду ҳаво либос ба бар намояд ва дуюм, хӯрокҳои серғизои ба организм фоидаовар истеъмол кунад. Инчунин тарзи ҳаёти солим, яъне машқҳои варзишӣ ва сайру гашт дар ҳавои тозаро пайваста иҷро намояд. Бемориҳое, ки дар ин фасли сол авҷ мегиранд, инҳо ҳассосият, асабоният, дарди сар, тарбод, захми меъда ва дигар бемориҳо мебошанд.
Бемориҳои системаи асаб
Дар фасли тирамоҳ бисёриҳо ба депрессия (афсурдаҳолӣ, руҳафтодагӣ) гирифтор мешаванд. Ин ҳолат омилҳои зиёд дорад. Кӯтоҳ шудани рӯзҳо, норасоии нурҳои ултрабунафш ва витамини Д, хазонрезӣ ва якрангӣ барин ҳолатҳо табъи касро хира месозанд. Бо ҳамин сабаб дар фасли тирамоҳ асабоният, бехобӣ ва дигар иллатҳои системаи асаб авҷ мегиранд. Бинобар ин кӯшиш кунед, ки бе сабаб ва беҳуда асабонӣ нашавед. Вақте ки асабатон вайрон мешавад, дарҳол ягон дору истеъмол намуда, мусиқии дӯстдоштаатонро гӯш кунед ва ё ба кори писандидаатон машғул шавед. Сайр дар ҳавои тоза низ барои ором кардани асаб ёрӣ мерасонад.
Дар тирамоҳ бештар зуком авҷ мегирад
Ба иттилои табибон, зуком бештар дар фасли тирамоҳ авҷ мегирад. Зеро ҳаво ҳанӯз чандон сард нест, одамон либоси гарм пӯшидан намехоҳанд ва ҳатто дар рӯзҳои боронӣ ҳам баъзе нафаронро бо сару либоси тунук дидан мумкин аст. Маҳз ҳамин сабаб мешавад, ки кас ба зудӣ шамол кашида, ба бемории зуком гирифтор шавад. Кӯдакону пиронсолон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд, аз ин рӯ барои пешгирии зуком ва сармохӯрдагӣ истеъмоли маҳсулоте, ки дар онҳо витамини С бештар аст, тавсия дода мешавад.
Ҳассосият — бемории мавсимӣ
Дар фасли тирамоҳ бештар бемориҳои аллергикӣ-ҳассосият авҷ мегиранд. Аллергия (реаксияи ғайритабиӣ ё ҳассосияти дигаргуншудаи организм нисбат ба чизе) ифодакунандаи аксуламали муҳофизатӣ аст, ки дар заминаи иммунологӣ ҷавобан ба таъсири такрории ангеза инкишоф меёбад. Сабаби асосии бемориҳои ҳассосият аллергенҳо мебошанд. Барои пешгирӣ аз мубталоӣ ба аллергия бояд, пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти санитариву гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар баробари ин ғизои солим истеъмол кардан ва аз дорувориҳои тавсияшуда истифода бурдан зарур аст.
Тарбод дар ин фасли сол авҷ мегирад
Тарбод (ревматизм) як навъ бемории сироятию аллергиеро мегӯянд, ки зимни он бофтаҳои пайвасткунанда, махсусан системаи дилу рагҳо зиён мебинад. Тарбод беморие дониста мешавад, ки на фақат ба буғумҳо, балки ба дил ҳам асар мекунад.
Тарбоди шадид одатан баъди ангина (дарди гулӯ) инкишоф меёбад. Дар натиҷа ҳарорат баланд шуда, бемор хастаҳол мегардад ва бисёр арақ мекунад; бандҳои нисбатан калони бадан (зону, пой, оринҷ ва ғайра) дарду варам мекунанд ва пӯсти рӯи онҳо сурх мешавад. Дарди бандҳо дер давом накарда, аз як банд ба дигараш мегузарад. Баъди якчанд рӯз варами бандҳо мегардад, вале ин аломати шифо ёфтани бемор нест, чунки ҳангоми тарбод ғайр аз бандҳо аввал дилу рагҳои хун ва сонитар пӯст, шуш, ҷигар, пардаҳои луобӣ, гурда, системаи асаб ва ғайра низ иллатнок мешаванд. Дар натиҷаи сари вақт муолиҷа намудани тарбод бемор шифо меёбад. Тарбоди кӯдакон нисбат ба тарбоди калонсолон вазнинтар мегузарад. Ин гурӯҳи беморон бояд соле як-ду бор одатан баҳору тирамоҳ аз назорати табибон гузаранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






