Дар Иссиқкӯл Бозиҳои XXIV байналмилалии варзишии кишварҳои ИДМ ва СҲШ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 12 сентябр дар соҳилҳои Иссиқкӯл таҳти шиори «Осиё – минтақаи иттиҳод ва сулҳ» Бозиҳои XXIV байналмилалии варзишии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад, ин мусобиқаҳои оммавӣ соли 2001 оғоз гардида буданд. Дар он замон дар онҳо ҳамагӣ 80 варзишгар иштирок намуда буд. Ҳоло ба мусобиқаҳо зиёда аз 3000 нафар варзишгарон меоянд. Бозиҳо бузургтарин чорабинии мунтазами варзишӣ дар Осиёи Марказӣ гардидаанд.
Ба барномаи Бозиҳо мусобиқаҳо ҳам аз рӯи намуди варзиши анъанавӣ ва ҳам миллӣ дохил карда шудаанд.
Дар ин мусобиқаҳо дӯстдорони варзиш аз бисёр шаҳру вилоятҳои Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Беларус иштирок менамоянд. Варзишгарон аз Чин, Ҳиндустон ва Муғулистон иштирокчиёни доимӣ гардидаанд.
Бозиҳои байналмилалии Иссиқкӯл ба таври анъанавӣ таҳти сарпарастӣ ва кумаки молии Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






