Дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Афзалияти рушди омор: нақши лоиҳаҳои байналмилалӣ» ҷаласаи 73-юми Шурои роҳбарони мақомоти омори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз намуд, ки мутахассисони соҳаи омор дар татбиқи нақшаю барномаҳои корӣ метавонанд танҳо бо кӯшишу талошҳои рӯзафзун, пешниҳоди маълумоти дурусту боэътимод ва шаффоф саҳм гузоранд.
Дар ҷаласа масъалаҳои раванди амалисозии Лоиҳаи «Рушди омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», омодагӣ ба баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолии давраи 2030 дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баргузории ҷаласаи 74-уми роҳбарони мақомоти омори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






