Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии бошукуҳ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» доир гардид

Сентябрь 8, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон бо шукргузорӣ ваҳдату истиқлоли сартосарӣ ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи сиёсию фарҳангӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Дар он роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон, аз ҷумла намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ раиси ноҳия Икромиддин Вализода таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарафманди мамлакат, аз ҷумла сокинони ноҳия, на танҳо рамзи давлатдории миллӣ, балки омили асосии сулҳу субот, бунёдкориву пешрафт мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлол ва роҳнамоии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намуда, сиёсати хоси дохилию хориҷӣ ва ташаббусҳои муҳимро амалӣ менамояд.

Дар вазъияти тантанавӣ як зумра фаъолони ноҳия барои хизматҳои арзанда дар рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳия бо мукофоти давлатии «Медали хизмати шоиста», нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорнома ва Сипосномаи раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаш карда шуд.

Дар доираи таҷлили ҷашн инчунин намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои миллӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва нонӣ ташкил гардида, маҳсули меҳнати заҳматкашони ноҳия ба намоиш гузошта шуд.


Ёдовар мешавем, ки дар дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иншооти иҷтимоию маорифӣ низ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинону шахсони саховатманд мавриди истифода қарор дода шуд.

Аз ҷумла дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и деҳаи Саъдӣ Шерозии Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нав бинои иловагӣ иборат аз 8 синфхона барои 200 хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур, ки ҳамчун туҳфаи ҷашнӣ дар муддати 4 моҳ бунёд гардид, бо маблағгузории зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми Кумитаи маҳалла бунёд гардида, бо лавозимоти пурраи таълимӣ, мизу курсӣ ва ороиши муосири дизайнерӣ таҷҳизонида шудааст.

Ҳамчунин дар деҳаи Ғорчашмаи Ҷамоати деҳоти Даҳана Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 83 мавриди истифода қарор гирифт. Бинои муассисаи таълимӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеа бунёд шуда, бо тамоми шароити муосир, аз ҷумла синфхонаҳои равшану васеъ, мизу курсӣ ва лавозимоти таълимӣ таъмин гардидааст.

Дар деҳоти Ситораи Сурх ба истиқболи ҷашни ҷашни бузурги миллӣ зиёда аз 1,5 километр роҳ мумфарш гардида, барои сокинон шароити беҳтари ҳаракат фароҳам оварда шуд.

Ҳамзамон дар деҳаи Парачаруди Ҷамоати деҳоти Обшорон Маркази савдо ва хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо ҷойи кори нав ва имконияти васеи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар назар аст, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як қатор иншооти дигари муҳими иҷтимоию инфрасохторӣ, аз ҷумла майдони парчам ва нишони давлатӣ дар маркази ноҳия бунёд карда шавад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, баргузории тантанаҳои ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон дар руҳияи баланди созандагиву бунёдкорӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Сентябрь 8, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд