Дар Норак ҷаласаи дуюми Шурои ҳавзаи дарёи Вахш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар шаҳри Норак ҷаласаи дуюми Шурои ҳавзаи дарёи Вахш бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода иброз дошт, ки дарёи Вахш на танҳо манбаи муҳими об барои кишоварзӣ ва энергетика аст, балки дар рушди устувори минтақа омили калидӣ ба шумор меравад.
Тағйирёбии иқлим ва афзоиши талабот ба захираҳои об моро водор месозад, ки ҳамкориро дар сатҳи ҳавзаи дарё тақвият бахшем.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳамоҳангсозии идоракунии захираҳои об, нақши ҷомеа ва таъсири иқлим ва ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда баррасӣ карда шуданд.
Инчунин Нашқаи кори Шурои ҳавзавӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






