Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо тантана таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ҳайати васеи кормандон иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинӣ таъкид гардид, ки Рӯзи Истиқлол барои ҳар як тоҷику Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Гуфта шуд, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои пешрафт ва рушди кишвар заминаи устувор фароҳам оварданд.
Дар охир ба як зумра кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои натиҷаҳои назаррас дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва намунавӣ мукофотҳои соҳавӣ ва ифтихорнома тақдим карда шуд.
АКС: Корхона воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»











Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






