Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба соли нави таҳсил ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Давоми таърихи башарият давлатҳое, ки соҳаи маорифро арҷгузорӣ кардаанд, ба қуллаҳои тараққиёт расиданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро заминаи рушди ҳамаҷонибаи давлату миллат унвон намудаанд. Ин матлаб 1 сентябр зимни ифтитоҳи ҳамоиш ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар шаҳри Бӯстон баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам намудани шароити мусоиди таълиму тарбия, бунёд, таъмир ва тармими инфрасохтори соҳа, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва амсоли инҳо кӯшишҳои судманд анҷом дода шуданд.
Дар ҷаҳони муосир рӯз аз рӯз талабот ба мутахассисони дорандаи забонҳои хориҷӣ афзоиш меёбад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ василаи муҳим барои ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир мебошад. Аз ин рӯ барои омӯзиши забони хориҷӣ муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон бо омӯзгорони донандаи забонҳои хориҷӣ таъмин гардиданд.
Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд аз зинаи томактабӣ оғоз шавад, то насли оянда тавонад дар таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовор гузорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






