Дар Тоҷикистон истеҳсоли тухми паранда беш аз 19 фоиз зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 28.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар мамлакат аз моҳи январ то августи соли 2025 914,2 миллион дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2024 19,5 фоиз зиёд мебошад.
Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои вилояти Суғд 29,7 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,5 фоиз, вилояти Хатлон 0,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,5 фоиз зиёд намудаанд.
Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 228 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 10 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 112 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, то моҳи августи моли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 12 миллиону 601 ҳазору 955 сар паранда парвариш ёфта, 669 234 дона тухм ва 19 681 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст. Яъне, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 саршумори паранда 668 ҳазору 585 сар, истеҳсоли тухм 126 201 ҳазор дона ва гӯшти паранда 495 тонна зиёд мебошад.
Дар шароити имрӯза парандапарварӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти серғизо, инчунин фароҳам овардани ҷойи нави кор дар деҳот аҳамияти калон дорад. Дар ин самт дар мамлакат навъҳои гуногуни паранда, аз ҷумла мурғҳои тухмдеҳ, мурғҳои гӯштин ва парандаҳои маҳаллӣ парвариш меёбанд. Ҳамзамон намудҳои камшумори дигар, ба мисли бедона ва мурғи марҷон низ парвариш карда мешаванд.
Парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими кишоварзӣ маҳсуб шуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






