Дар Тоҷикистон назорат барои таваққуфи нодуруст дар ҷойҳои манъшуда пурқувват карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз, 1 сентябр назорат барои таваққуфи нодуруст дар ҷойҳои манъшуда, бахусус дар хати дуюми ҳаракати роҳ (ба истиснои нақлиёти «Ёрии таъҷилӣ» ва «Хадамоти оташнишонӣ») шадидан сахттар карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои истгоҳ ронандаи воситаи нақлиёт мутобиқи моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, худи воситаи нақлиёт фавран ба майдони махсуси нигоҳдорӣ барои муҳлати тӯлонӣ равона карда мешавад.
Дар робита ба ин Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсию давлатӣ ва хизматӣ дар пойтахти мамлакат, шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ қатъиян даъват менамояд, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро бо маърифату масъулияти баланд риоя намоянд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






