Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи авиатсия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории авиатсионӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 5 сентябр дар меҳвари мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон Ал Решайдан қарор гирифт.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот афзоиш додани парвозҳо, ифтитоҳи хатсайрҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании ҳарду ҷониб баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи тоҷик беш аз пеш густариш меёбад. Далели ин соли равон ифтитоҳи чандин хатсайри нави ҳавоӣ байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Амалӣ гардидани сиёсати «Осмони боз» дар мамлакат ба зиёдшавии ҳамкории Тоҷикистону давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ замина мегузорад.
Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба таҳкими дурнамои ҳамкории авиатсионӣ байни ҳарду давлат табодули назар намуданд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






