Душанбе мизбони ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии ИДМ мегардад
ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар назар аст, ки дар ҷаласа роҳбарони мақомоти дахлдори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, доир ба рушди комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он мубодилаи афкор намоянд.
Иштирокдорони ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мавзеъҳои фарҳангии шаҳри Душанбе шинос мегарданд. Инчунин меҳмонон ба хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода ва Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор мераванд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, 19 сентябр дар шаҳри Ҳисор Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ ва Фестивал-намоиши гӯсфанди ҳисорӣ баргузор мегардад. Иштирокдорони ҷаласаи 37-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин симпозиум иштирок менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






