DUSHANBE.TRAVEL. Портали сайёҳии шаҳри Душанбе муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти унвони «DUSHANBE.TRAVEL» маросими рӯнамоии портали сайёҳии шаҳри Душанбе ва саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки портали сайёҳии www.dushanbe-travel.tj бо ҷалби мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода шуда, ҳадафи он рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии ифрасохтору имконияти сайёҳии пойтахт, бозтоб додани фарҳангу тамаддуни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳон мебошад.
Дар портал харитаи электронии мавзеъҳо, роликҳои тарғиботӣ, аксҳои маконҳои зебо, маълумот оид ба иншооти сайёҳӣ, фарҳангӣ ва таърихии шаҳр бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд.
Дар айни замон саҳифаи фейсбукии портал 15 500 обуначӣ дошта, ҳар моҳ то 1 миллион тамошобинро фаро мегирад. Саҳифаи Instagram беш аз 103 000 обуначӣ дошта, 35 фисади онро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






