«Flaynas» ояндаи наздик дар масири Ҷидда-Душанбе-Ҷидда парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ҳамкории авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ояндаи наздик байни шаҳрҳои Душанбе ва Ҷидда парвозҳои мустақими ҳавоӣ фаъол карда мешаванд.
Тавре Сафири Фавқулода ва Мухтори Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибн Абдурраҳмон ар-Решайдон зимни нишасти матбуотӣ ба ифтихори 95-солагии таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, «парвозҳои мустақими ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ «Flaynas», ки собиқаи қариб 20 соли фаъолият дар бозори ҳавопаймоии Саудӣ дорад, иҷро карда мешаванд».
Ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда ба таҳкими ҳамкории иқтисодию соҳибкории ҳарду давлат, хусусан рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Соли 2024 Раиси Кумитаи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Ал-Дуайлиҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар анҷом дода буд ва бо Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода вохӯрд.
Зимни он байни Кумитаи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон санади ҳамкории иловагӣ оид ба афзоиши парвозҳои мустақим, аз ҷумла анҷоми се парвоз дар як ҳафта байни шаҳрҳои Душанбе ва Ҷидда тавассути ширкати ҳавопаймоии саудии «Flaynas» ба имзо расид.
Дипломати саудӣ ҳамчунин иброз намуд, ки чанде қабл дар Душанбе дар мулоқот бо Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, хусусан ифтитоҳи парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Душанбе ва Ҷидда баррасӣ гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






