Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд

Сентябрь 27, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар доираи  ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар шаҳри Москва мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори иҷроияи Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд Андрей Широков баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо аҳамияти густариши ҳамкориро таъкид намуда, нақши фондро дар дастгирии суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карданд.

Тавре аз Вазорати молияи мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот саҳми фонд дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энергетикӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ гардида, ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ ва истифодаи бештари имконоти молиявии фонд дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат ибрози омодагӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҳҳои амалии тавсеаи ҳамкориро баррасӣ карда, ба зарурати таҳияи лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои дастгирии буҷет, энергетика, нақлиёт, рақамикунонӣ, обу кишоварзӣ ва дастгирии бахши хусусӣ ишора намуданд.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар марҳилаҳои оянда низ густариш ёфта, барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки мамлакат, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат менамоянд, корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 27, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд