«ГАНҶИНАИ МЕРОС». Дар Душанбе Фестивал — намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид

Сентябрь 18, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» зери унвони «Ганҷинаи мерос» Фестивал — намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивал  арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан либоси зебои миллӣ, атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ки таҷассумгари фарҳангу ойини миллати тоҷик ба шумор меравад, мебошад.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд, ки мақсади баргузории Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, эҳтироми урфу одат ва анъанаҳои неки гузаштагон, нигоҳдошти таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик, қадру манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири тарғибу ташвиқи чакану атлас дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла фестивал-озмунҳои «Андалеб», «Чакомаи гесӯ», «Сапеда», «Сад ранги чакан», намоиши байналмилалии мӯд — «Диёри ҳусн», таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз», «Меҳргон», рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, «Шашмақом», «Фалак» ин матоъро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ин маъракаҳои муҳим манзури ҳазорҳо нафар тамошобинони ватанӣ ва хориҷӣ мегардонад. Чакану атлас дар тамоми чорабиниҳои фарҳангие, ки дар хориҷи мамлакат баргузор мегарданд, аз ҷумла рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар мамолики хориҷӣ тарғибу ташвиқ мегардад. Яке аз равандҳои ҷаҳонигардии чакан ташкили намоишҳои либоси миллӣ дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷа, ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ байни тоҷикону миллатҳои дигар ба шумор меравад. Мавҷудияти чакану атлас, алочаву гулбаст, зардӯзиву гулдӯзии тоҷик ба ин чорабиниҳо ҳусну таровати тоза мебахшад.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 18, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад