Гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Русия тақрибан 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод

Сентябрь 27, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Русия тақрибан 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ин хусус 26 сентябр зимни вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири молияи Федератсияи Русия Антон Силуанов иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, 26 сентябр вохӯрии ҷонибҳо дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир гардид. Тарафҳо аҳамияти сатҳи баланди шарикӣ ва нақши Русияро ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистон таъкид намуданд.

Дар вохӯрӣ татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи ду давлат ва густариши ҳамкории муштарак баррасӣ карда шуд.     Ҷонибҳо ҳамчунин барои густариши ҳамкорӣ дар самти идоракунии рақамии молия, назорати қарзи давлатӣ, табодули таҷриба оид ба барориши коғазҳои қиматнок, аз ҷумла «сабз», дастгирии омодасозии лоиҳаҳо бо ҷалби институтҳои рушд ва коркарди механизмҳои нави маблағгузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 27, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид