Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад

Сентябрь 10, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 10.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+1 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво шабона 18+20 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 10, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

VoLTE: ба суҳбатҳои телефонӣ садои комилан тоза зам намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, чоршанбе, 274-умин рӯзи соли 2025 аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» эълон гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2025» баргузор мегардад
Раҳматҷон Раҳматов: «МегаФон Тоҷикистон – танҳо оператори телекоммуникатсионӣ нест»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошад
Дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият менамоянд
ОЁ МЕДОНЕД? Истеъмоли ангур барои гирифторони иллатҳои дилу гурда ва шуш бештар судманд аст
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад