ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Сардафтари адабиёти тоҷику форс бо осори мондагори худ ба забону адаби мо умри ҷовидона бахшидааст
ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ аст. Таҷлили Рӯзи Устод Рӯдакӣ башоратгари ифтихор аз фарзанди бузурги миллати тоҷик мебошад.
— Одамушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) бунёдгузори адабиёти тоҷикию форсист, ки бо афкору осори оламшумулаш дар рушди илму фарҳанги аҳди Сомониён саҳми бузург гузоштааст.
Осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамеша пур аз ҳикмат, пур аз таҷрибаи рӯзгор ва санъати олии шеърӣ буда, то имрӯз ҳазорҳо шоирону адибонро тарбия намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 6 сентябри соли 2008 таъкид намуданд, ки «барои мо — тоҷикон ифтихори бузург аст, ки бо қарори ЮНЕСКО ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1150-солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил менамояд. Замоне, ки Рӯдакӣ қадам ба арсаи ҳастӣ ниҳод, аз давраҳои дурахшони таърихи халқи тоҷик мебошад. Рӯдакӣ сулҳу накӯкорӣ, дӯстӣ ва рафоқатро барои зиндагии одамон эҳтиёҷи табиӣ мешуморад. Вай дӯстии ҳақиқӣ ва беғаразро мепарастад. Панду андарзҳои Рӯдакӣ, ки аз фалсафаи ҳаёт сарчашма мегиранд, дурдонаҳои тобноки ганҷинаи ҳикмати халқи тоҷикро ташкил медиҳанд. Бо ин сабаб онҳо аз имтиҳони таърих гузашта, чун ҳикмати рӯзгорон боқӣ мондаанд ва то имрӯз барои покии ахлоқ ва равшан гардонидани дилҳо хизмат менамоянд».
«Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост. Бо вуҷуди он ки аз адабиёти замони Рӯдакӣ ва ҳамасронаш зиёда аз ҳазору сад сол мегузарад, он ҳарчи бештар моро ба сӯи худ мекашад»,- гуфт муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, рӯдакишинос Шамсиддин Муҳаммадиев.
Андешаҳои волои инсондӯстии Рӯдакӣ на танҳо дар тарбияи ҷавонони мамлакат дар амри дӯст доштани забон, адабиёт, осори фарҳангӣ ва ниҳоят дӯст доштани Ватану эҳтиром гузоштан ба таърихи пурифтихор ва шахсиятҳои номовари миллат таъсир мегузоранд, балки дар ҷаҳони муосир ва коста гардидани ахлоқу маънавиёт дар аксар мамлакатҳои мутараққии олам барои таҳкими арзишҳои умумибашарӣ хеле муҳиманд.
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ ба болоравии ифтихори худшиносию ватандӯстии насли наврас неруи тоза бахшида, масъулияти ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро дар роҳи рушду нумӯи давлати тозабунёдамон афзоиш медиҳад.
Бояд гуфт, ки маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО соли 2008 1150 – солагии Устод дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, Ню- Йорк, Берлин, мамлакатҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил гардид.
Доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон иброз дошт, ки «Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати Сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳама давру замонҳо аст, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забонҳо қарор гирифтааст.
Қасидаи маъруфи устод Рӯдакӣ «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён», ки намунаи олии сухани шевои тоҷикӣ маҳсуб шуда, суруди миллии тоҷикони ҷаҳон барои ҳама давру замонҳо аст, бо тарғиби Абулфазли Балъамӣ дар васфи ҳамин амири Сомонӣ суруда шудааст ва дар бобати чигунагии сурудани он дар чанд таърихномаву тазкира, аз ҷумла дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ нақли зебои муфассале омадааст. Забони ин қасида чун дигар ашъори устод Рӯдакӣ дар камоли зебоӣ ва содагию равонӣ аст. Аз ҳамин ҷост, ки Садриддини Айнӣ услуби шеъри устод Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» ном бурдааст:
Бӯи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрбон ояд ҳаме.
Реги Омую дуруштий роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме…
Шояд фазилати ҳамин забони содаву баёни ширин аст, ки ин сурудаи Рӯдакӣ аз оғоз то имрӯз истиқболи гарм пайдо намуд ва шоирони ҳар давру замон ба он назираҳои фаровон гуфтаанд.
«Ҷойи таъкид аст, ки устод Рӯдакӣ дар офаридани мазмунҳои борику рангин ва тасвирҳои ширину дилнишин ба забони модарии мо ниҳоят табъи расо ва завқи салим доштааст, ки бо гузаштани бештар аз ҳазор сол имрӯз ҳам онҳо беҳтарин намунаи мазмунофарию тасвирсозии шоирона дониста мешаванд. Устод Рӯдакӣ бо осори мондагори худ ба забону адаби мо умри ҷовидон бахшидааст ва дар ҳар давру замон бузургтарин шоирону адибони мо аз осори ӯ таъсир пазируфтаанд»,-гуфт Ҳасани Султон.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Рӯдакӣ монанди як пайкарасози моҳир бо забони модарии мо пойдевори шеъри классикии тоҷику форсро бунёд ниҳод. Номи Рӯдакӣ ҳамчун рамзи ягонагии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ҳамчун рамзи дӯстии халқҳо ва нишонаи сулҳу сафо, адолатпарварӣ, инсондӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҷовидона боқӣ мемонад».
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор Умедҷон Нуридин: «Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст»
ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Дар Тоҷикистон 834 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст
Дилором Абдураҳимзода: «Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили судӣ волоияти Конститутсияро таъмин менамояд»
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Хуҷанд яке аз беҳтарин шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд






