Исломиддин Раҳмон дар ҳамоиши Кумитаи байналмилалии вазну ченак дар Тошканд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Исломиддин Раҳмон дар ҳамоиши байналмилалии «Мушкилот ва имкониятҳои CIPM MRA (Созишнома оид ба эътирофи мутақобилаи Кумитаи байналмилалии вазну ченак)», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш директори Бюрои байналмилалии ченаку вазн (BIPM) бо ҳайати корӣ ва роҳбарону намояндагони ташкилоти байналмилалии метрологӣ, аз ҷумла SIM, EURAMET, COOMET, AFRIMET, APMP, GULFMET иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш баррасии камбудиҳо ва имконияти глобалии CIPM MRA, табодули таҷриба ва муайян кардани қадамҳои аввалин барои аъзо шудан ба Бюрои байналмилалии ченак ва вазн буд.
Дар самти рушди таъмини ченаки ягона Агентии «Тоҷикстандарт» бо ташкилоти байналмилалӣ, муассиса ва пажӯҳишгоҳҳои метрологӣ ҳамкориро тақвият дода, дар ин замина иштироки намояндагони Агентӣ дар ҷаласаву семинарҳои байналмилалӣ барои омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта ва татбиқи он дар фаъолият аҳамияти муҳим дорад.
АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»









Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






