Истеъмоли хурмо узви босираро мустаҳкам намуда, пеш аз муҳлат пиршавии баданро пешгирӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 21.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хурмо аз витамину минералҳои зиёд бой буда, истеъмоли он барои саломатии инсон муфид аст. Аз ҷумла, дар таркиби он витамини А ба миқдори зиёд мавҷуд аст, ки ба пешгирии саратон мусоидат мекунад; витамини P, ки нозукии рагҳои хунро коҳиш медиҳад; витамини С (53 фоизи он дар буттамева) таъсири тоникӣ дорад.
Дар таркиби ин мева витаминҳои A, C ва P, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимӯ ва дигар моддаҳои биологии фаъол буда, аз ҳама муҳимаш миқдори зиёди йод мавҷуд аст.
Ба тавсияи табибон, агар меваи пухтаи хурморо дар ҷойи муътадил нигоҳ дорем, то 6 моҳ хусусияти худро гум намекунад. Бо такя ба маълумоти сарчашмаҳо метавон гуфт, ки ватани аслии хурмо Чин мебошад. То имрӯз доир ба навъу намудҳои он андешаҳо гуногунанд ва бештари олимон бар ин назаранд, ки қариб 200 навъи дарахти хурмо ба ҳисоб гирифта шудааст. Онҳо дар мавзеъҳои тропикӣ ва субтропикии Африко, Осиё, Амрикои шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва ҷазираҳои Филиппин мерӯянд.
Дар Тоҷикистон низ чанд навъу намуди ин мева парвариш карда мешавад. Аслан хурморо аз тухмаш сабзонида, сипас бо навъи беҳтар пайванд намуда, парвариш мекунанд. Чун ин мева ба гармӣ бештар майл дорад, дар мамлакати мо хурмои беҳтарин дар водии Ҳисор ва ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин қисме аз ноҳияҳои вилояти Суғд мерӯяд.
Табибон онро барои табобати бемориҳои саратон, шуш ва пайдошавии санг дар гурдаҳо тавсия медиҳанд. Инчунин ҳангоми асабоният, табъи хира ва ҳатто афсурдаҳолии сахт тавсия медиҳанд. Хурмо инчунин узви босираро мустаҳкам намуда, намегузорад, ки организм пеш аз муҳлат пир шавад. Хурмое, ки ҳангоми наҳорӣ мехӯред, фаъолияти ақлониро зиёд мекунад.
Ғизошиносон хурморо барои кам намудани вазн тавсия медиҳанд, аммо ба таъкиди онҳо, нигоҳдорӣ ва истеъмоли нодуруст метавонад зараровар бошад. Зеро хурмо бо вуҷуди ширин буданаш камкалория аст. Аммо бемороне, ки мубталои диабети қанд ҳастанд, бояд хурморо камтар истифода намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






