«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 9 сентябр- Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти унвони «Истиқлол-неъмати бебаҳо» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Амид Комилбек доир ба аҳамияти таърихӣ-сиёсии Истиқлоли миллӣ гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз пошхӯрии давлати собиқ ба маънои томаш ба Истиқлоли давлатӣ ноил гардид ва дар таҳкими пояҳои он нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе бузург аст».
Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатии тоҷикон яке аз пурарзиштарин неъматҳо ба шумор рафта, рамзи пойдории миллат, ифтихори миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ мебошад.
Яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатӣ- ин ҳифз намудани давлатдории тоҷикон мебошад. Маҳз хизматҳои бузурги Пешвои миллат буданд, ки нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ баланд ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.
Дар конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуъҳои «Истиқлолияти давлатӣ ва сохтмони роҳҳои мошингард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истиқлолият ва рушди соҳаи асосии стратегии мамлакат» ва ғайра маърузаҳои илмӣ пешниҳод карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






